ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Дар пойтахт қариб 15 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шудаанд
ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот 14,4 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида ва дар майдони 99,6 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд. Чунин иттилоъ дод муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода 11 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Дар ин давра ба миқдори 265,2 ҳазор бех дарахту буттаҳо шинонида шуда, баҳри таъмин намудани кӯчаю хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо ба миқдори 1,6 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт ва сабзазоркунӣ дар ин давра фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор шуд, ки зимни он 9,8 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола, аз ин 5,7 миллион бех гулҳои лола дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт шинонида шуданд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 8164 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.
Иброз гардид, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он меҳнат мекунанд.
Бояд гуфт, ки бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати таъмини сарсабзию шукуфонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар чор ноҳия муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона» таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар самти ободонӣ, сабзазоркунӣ ва шукуфон гардонидани пойтахт назаррас мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






