ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Дар пойтахт қариб 15 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шудаанд

Август 12, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот 14,4 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида ва дар майдони 99,6 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд. Чунин иттилоъ дод муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода 11 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Дар ин давра ба миқдори 265,2 ҳазор бех дарахту буттаҳо шинонида шуда, баҳри таъмин намудани кӯчаю хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо ба миқдори 1,6 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт ва сабзазоркунӣ дар ин давра фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор  шуд, ки зимни он 9,8 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола, аз ин 5,7 миллион бех гулҳои лола дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт шинонида шуданд.

Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 8164 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.

Иброз гардид, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он меҳнат мекунанд.

Бояд гуфт, ки бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати таъмини сарсабзию шукуфонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар чор ноҳия муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона» таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар самти ободонӣ, сабзазоркунӣ ва  шукуфон гардонидани пойтахт назаррас мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 12, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд