ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Шоҳмансур зиёда аз 2 миллион дона гул шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 65 ҳазору 288 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар ин хусус 9 август зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдусаттор Ҷабборӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон дар ин давра 2 миллиону 276 ҳазору 304 дона гулҳои мавсимӣ, 439 ҳазору 132 қаламча, 853 ҳазору 472 дона гули садбарг, 858 ҳазору 688 дона гули лола шинонида ва дар масоҳати зиёда аз 18 ҳазору 869 метри мураббаъ сабзазор ташкил шуд.
Тибқи ҷадвали баргузории ҳашарҳои умумишаҳрӣ, дар ҳудуди ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 32 маротиба ҳашари дастҷамона, 16 маротиба ташаббуси тозагии «Маҳал», 8 маротиба ташаббуси тозагии «Соҳил», 6 маротиба ташаббуси тозагии «Шоҳроҳ» гузаронида шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






