ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2023 иштирок мекунад

Август 17, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  нави наврасони то 15-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол, ки моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 иштирок менамояд, дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳунарнамоӣ менамояд, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои мунтахаби наврасони  то  17-сола  аз  20 то 27 август  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби  наврасони панҷ давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Далер Каёсов дастаи мунтахаби  Тоҷикистонро  ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023  10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила  доир  мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян мешавад.

Чемпионати CAFA-2023 байни наврасон (U-17)

Иштирокчиён: Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон

 Даври 1

20 август (якшанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – Эрон

Даври 2

21 август (душанбе)

18:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 3

23 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

25 август (ҷумъа)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

27 август (якшанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 17, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад