ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз намуд

Август 29, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 29.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар  шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд, ки ҳадафи он омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мебошад, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ҷамъомади тамринии Душанбе 27 бозингар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват намудааст. Дархости ниҳоии даста барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024  23 бозингарро дар бар хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи  Тоҷикистон оид футбол дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои мунтахаби  Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) рақобат менамояд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри   Душанбе баргузор мешаванд.

                                                    АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 29, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад