ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека» дар Малайзия иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябр дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар Малайзия баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври нимниҳоии мусобиқоти «Ҷоми Мердека» дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо дастаи мунтахаби Фаластин бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари даври ½- ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон бо ҳам вомехӯранд.
Хотиррасон мешавем, ки ғолибони даври нимниҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ байни ҳам мубориза мебаранд. Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур доир мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека»
Даври ½-ниҳоӣ
13 октябр (ҷумъа)
13:30 – Фаластин – Тоҷикистон
18:00 – Малайзия – Ҳиндустон
17 октябр (сешанбе)
13:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
18:00 – Финал
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






