ФУТБОЛ. Доварони бозии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» маълум шуданд

Август 16, 2023 14:07

ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати довароне, ки дар бозии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) кор мебарад, маълум шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин бозиро ҳайати доварон аз Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳакамӣ менамояд. Довари марказӣ Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло хоҳад буд. Дар хатҳо ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Аҳмад Саид Аҳмад Ал-Асал Ал-Рашдӣ ва Алӣ Рашид Муҳаммад Ал-Ҷорн Ал-Нуаймӣ кумак менамоянд. Вазифаи довари эҳтиётиро Султон Муҳаммад Солеҳ Юсуф Ал-Ҳаммадӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб иҷро менамояд. Маҳюб Содиқ аз Фаластин кори ҳайати доваронро назорат менамояд. Комиссари бозӣ Муҳаммад Абдулло Назмӣ Манго аз Урдун таъйин шуд. Барои бехатарӣ дар варзишгоҳ афсари амниятии КФО Раҳул Парашар аз Ҳиндустон ҷавобгар хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Бозӣ  соати 16:30 оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Август 16, 2023 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд