ФУТБОЛ. Имрӯз навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Узбекистон бозӣ менамоянд

Август 25, 2023 14:53

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври чоруми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола баргузор мешаванд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи  мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо  соати 21:00 оғоз мешавад. Дар рақобати дигар дастаҳои мунтахаби  Эрон ва Қирғизистон бо ҳам бозӣ менамоянд. Бозӣ соати 18:00 оғоз мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои  мунтахаби наврасони   Тоҷикистон, Узбекистон ва Афғонистон бо 6-имтиёзӣ садрнишин мебошанд. Дастаҳои мунтахаби   Эрон ва Қирғизистон бе имтиёз дар поёни ҷадвал ҷой гирифтаанд.

                                                  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 25, 2023 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд