Гармои ғайриодӣ ба 143 миллион амрикоиҳо таҳдид менамояд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Обуҳавошиносони амрикоӣ ҳушдор додаанд, ки беш аз 143 миллион нафар сокинони ИМА бояд аз гармии шадид эҳтиёт намоянд, иттилоъ медиҳад Axios.
Тибқи иттилои ин сомона, дар шаҳрҳои бузург, ба монанди Чикаго, Даллас, Канзас-Сити, Луисвилл, Нашвилл ва Оклахома сатҳи баландтарини хатар эълон шудааст.
Дар баъзе минтақаҳои ҷанубу ғарби давлат ҳарорати ҳаво 43-48 дараҷа ё бештар аз он мебошад. Чунин гармии шадид метавонад ба оқибатҳои марговар оварда расонад, омадааст дар нашрия.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ (NWS), ҳарорати ниҳоят баланд ҳадди ақалл дар 22 иёлат то охири ҳафта идома меёбад.
Интизор меравад, ки мавҷи гармо сабаби ба таври ғайримуқаррарӣ баланд шудани ҳарорати шабона гардад.
Мувофиқи иттилои Axios, қудрати нуқтаи гармо, ки Иёлоти Муттаҳидаро фаро гирифтааст, метавонад аз сатҳи рекордии соли 1936 зиёд бошад. Нуқтаи баланди гармо падидаи обуҳавоие мебошад, ки дар он фазои маҳдуди ҳавои гарм дар атмосфера дар шакли пиёлаи баръакс хобида ба вуҷуд меояд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






