ХИЗМАТРАСОНӢ БО МОШИНҲОИ САЙЁР. Тоҷикматлубот сокинони Душанберо бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар бозорҳои соҳа фаъолияти муътадилро амалӣ намуда, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввалро ба фурӯш мебарорад. Шумораи бозорҳои соҳа 63 ва ҷойҳои нишаст дар онҳо 18 042 ададро ташкил медиҳад. Ин нуктаро муовини Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода 3 август зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Мавсуф афзуд, ки дар бозорҳо ва дигар иншооти соҳа 23 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаи кооператсияи матлубот, таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 19 мошини сайёр ба сокинон хизмат мерасонанд.
Дар нишаст ҳамзамон гуфта шуд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд.
Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ихтиёри худ 2723 гектар замин дорад, ки аз он 248 гектараш заминҳои корам мебошанд. Ин заминҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Рашт ва дигар ноҳияҳо ҷойгир мебошанд.
Барои беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити корӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 528 ҳазор сомонӣ техникаи муосир харида шудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






