Имрӯз дар шаҳри Ҳисор чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола оғоз мегардад

Август 20, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола оғоз мегардад. Дастаи мунтахаби нави наврасони то 15-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол, ки моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 иштирок менамояд, дар чемпионат ҳунарнамоӣ менамояд. Дар ин хусус АМАМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои мунтахаби наврасони  то  17-сола  аз  20 то 27 август  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби  наврасони панҷ давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Далер Каёсов дастаи мунтахаби  Тоҷикистонро  ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023  10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила  доир  мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян мешавад.

Чемпионати CAFA-2023 байни наврасон (U-17)

Иштирокчиён: Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон

 Даври 1

20 август (якшанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – Эрон

Даври 2

21 август (душанбе)

18:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 3

23 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

25 август (ҷумъа)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

27 август (якшанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 20, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад