Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 5-6 август дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ- чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо +22 дарҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона аз 35+40 дараҷа то 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона аз 31+36 дараҷа то 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа гарм, рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






