Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Август 29, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки рӯзҳои наздик сокинон аз чораҳои эҳтиётӣ истифода бурда, аз сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии алаф дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, эҳтиётро аз даст надиҳанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20 дараҷа, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1+6 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шимол суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

 

Август 29, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад