Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад. Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки рӯзҳои наздик сокинон аз чораҳои эҳтиётӣ истифода бурда, аз сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии алаф дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, эҳтиётро аз даст надиҳанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шимол бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30-35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






