Корхонаи гидрометаллургии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-и шаҳри Бӯстон аз нав барқарор мешавад

Август 19, 2023 15:43

СУҒД, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. ​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ дар шаҳри Бӯстон бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи​ гидрометаллургии​ КВД​ «Фулузоти нодири Тоҷикистон» шинос гардид.​ Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат иқтидорҳои мавҷуда мақсаднок истифода мешаванд. Роҳбарияти​ КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки​ бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти​ корхонаи металлургиро беҳтар намояд.

Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръат бахшидани корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод.

Сипас роҳбари вилоят бо маркази муосири логистикии​ КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» шинос шуд. Ин марказ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он​ то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Дар марказ асосан​ хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содироти маҳсулот дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Август 19, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд