Корхонаи гидрометаллургии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-и шаҳри Бӯстон аз нав барқарор мешавад

Август 19, 2023 15:43

СУҒД, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ дар шаҳри Бӯстон бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи​ гидрометаллургии​ КВД​ «Фулузоти нодири Тоҷикистон» шинос гардид.​ Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат иқтидорҳои мавҷуда мақсаднок истифода мешаванд. Роҳбарияти​ КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки​ бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти​ корхонаи металлургиро беҳтар намояд.

Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръат бахшидани корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод.

Сипас роҳбари вилоят бо маркази муосири логистикии​ КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» шинос шуд. Ин марказ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он​ то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Дар марказ асосан​ хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содироти маҳсулот дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Август 19, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд