Моҳи август ду ҳодисаи пуррашавии моҳ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август ду ҳодисаи пуррашавии моҳ (бадр) ба амал хоҳад омад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба шабакаи телевизионии Sky News хабар додааст.
Зери мафҳуми ин истилоҳ падидае фаҳмида мешавад, ки моҳи пурра дар нуқтаи наздиктарини Замин қарор мегирад. Дар ҳамин лаҳза моҳ нисбат ба мавқеи дурдасти худ 14% бузургтар ва 30% равшантар ба назар мерасад.
Аввалин пуррашавии моҳ (бадр) аллакай 1 август рух дод ва дуюминаш 30 август ба амал меояд. Моҳи дуюми пурраро аслан моҳи кабуд меноманд.
Мунаҷҷимон ишора менамоянд, ки ҳангоми пуррашавии моҳ ҳатто бо истифода аз дурбинҳо ва телескопҳои одитарин дар моҳ баҳрҳо ва шуоъҳои танӯраҳои онро, ба шарте ки ҳаво мусоид бошад, дидан мумкин аст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АЗЕРТАҶ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






