Моҳи сентябр дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ҷашн гирифта мешавад

Август 26, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 26.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли равон  дар  мамлакат  2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои масъулин,  оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  озмун гузаронида шуда,   албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихӣ  чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд  ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.

Бояд тазаккур дод, ки  соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин — ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда, моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин  маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

Хотиррасон  мешавем, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  боздид аз  Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ин нусхаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.Тахти Сангин ёдгории чандқабата буда, қабати қадимаи он ба асрҳои VI –V то мелод рост меояд, сохтмони маъбади оташ ва дигар биноҳо ба асри  IV то мелод мансубанд, ки то асрҳои III — IV мелодӣ тармиму таъмир ёфтаанд.

Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуд аст, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 26, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд