Моҳи сентябр дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 26.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли равон дар мамлакат 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои масъулин, оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин озмун гузаронида шуда, албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихӣ чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин — ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда, моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ин нусхаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.Тахти Сангин ёдгории чандқабата буда, қабати қадимаи он ба асрҳои VI –V то мелод рост меояд, сохтмони маъбади оташ ва дигар биноҳо ба асри IV то мелод мансубанд, ки то асрҳои III — IV мелодӣ тармиму таъмир ёфтаанд.
Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуд аст, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд






