Муштзанони тоҷик ба даври нимниҳоии Бозиҳои варзишӣ дар Беларус роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ муштзани тоҷик ба даври нимниҳоии Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳхат гирифтанд, хабар медиҳанд мухбирони АМИТ «Ховар» аз Минск.
Муштзанони тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов (дар вазни 48 килограмм), Анушервон Фозилов (51 килограмм), Бузургмеҳр Исканов (54 килограмм), Акмалҷон Абдувалиев (86 килограмм) ва Ҳангома Исоева (57 килограмм) дар шаҳри Оршаи Беларус натиҷаҳои хуб нишон дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Тавре Анушервон Фозилови 17-сола дар суҳбат гуфт, дар тӯли 5 соли фаъолияти варзишӣ ба ӯ муяссар гардид, ки ба комёбиҳои назаррас ноил шавад. Варзишгари ҷавон чемпиони чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон, Русия, Озарбойҷон, Урдун ва Дубай буда, таҳти роҳбарии мураббиён Мустафо Фозилов ва Акмал Абдуллоев тамрин менамояд.
«Ман хеле шод ҳастам, ки дар ин мусобиқаи муҳими варзишӣ иштирок мекунам ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтам. Ман аз ин Бозиҳо танҳо пирӯзӣ интизорам, зеро ман хеле зиёд тамрин намудаам ва аз ҷиҳати равонӣ низ омода мебошам. Мехоҳам, ки бо ба даст овардани ғалаба дар ин мусобиқаҳо Суруди Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатиамон барафрохта шавад», — гуфт варзишгари ҷавон.
Имрӯз Рустам Ашӯров (67 кг), Нурланбек Эрматов (75) ва Руслан Федорин (86) барои ба даст овардани роҳхат ба даври нимниҳоӣ бо варзишгарон аз Озарбойҷон, Русия ва Қазоқистон қувва меозмоянд.
Лайло ТОИРӢ,
Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






