Нақби «Хатлон» муваққатан баста шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади анҷом додани корҳои барқароркунӣ ва беҳтарсозии бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кӯлоб» аз 28 июл то 17 августи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби «Хатлон» қатъ ва ба воситаи ағбаи «Чормағзак» амалӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи сохтмони нақби «Хатлон» моҳи марти соли 2010 оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати «Чайна Роуд» аз ҳисоби маблағҳои қарзии Ҳукумати Чин амалӣ гардида, арзиши умумии лоиҳа тақрибан 300 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 70 миллион доллар)-ро ташкил дод.
Нақби «Хатлон» моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, кортежи Сарвари давлат аввалин шуда, нақби дорои қариб 4,5 километр масофаро тай намуд. Баъди ба истифода додани нақб масофаи роҳи автомобилгарди «Душанбе — Ваҳдат – Кӯлоб» дар муқоиса бо масофаи роҳи автомобилгарди «Душанбе –Бохтар – Кӯлоб» 100 км наздик гардид.
Нақб соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хатлон» ном гирифта, дар масири Душанбе -Ваҳдат –Кӯлоб- Хоруғ воқеъ аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






