НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 282 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор гардидааст
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Санҷишҳои муштарак нишон доданд, ки то имрӯз 282 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар майдони 41 гектар сабт шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.
«Фаъолият дар ин самт якҷоя бо намояндагони мақомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти меъмории шаҳрсозӣ идома дорад. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 78 ҳолат дар майдони 10,31 гектар, дар Суғд 119 ҳолат дар майдони 17,93 гектар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 ҳолат дар майдони 2,97 гектар, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 ҳолат дар майдони 9,79 гектар ошкор гардидааст»,-афзуд Ориф Хоҷазода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






