НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 282 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор гардидааст

Август 7, 2023 15:27

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Санҷишҳои муштарак нишон доданд, ки то имрӯз 282 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар майдони 41 гектар сабт шудааст.  Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.

«Фаъолият дар ин самт якҷоя бо намояндагони мақомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти меъмории шаҳрсозӣ идома дорад. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 78 ҳолат дар майдони 10,31 гектар, дар Суғд 119 ҳолат дар майдони 17,93 гектар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 ҳолат дар майдони 2,97 гектар, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 ҳолат дар майдони 9,79 гектар ошкор гардидааст»,-афзуд Ориф Хоҷазода.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2023 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд