НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5834 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд

Август 12, 2023 16:57

ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 45 932 нафар, аз ҷумла дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 25881 нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3974 нафар ва дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ  16077 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд. Чунин ибрози назар намуд муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин  Давлатзода 10 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар муассисаҳои таълими касбии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 10980 нафар, аз ин шумора 8388 нафар (76,4%) зан ва 5611 нафар (51,1%) ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар ин давом тавассути худмаблағгузорӣ 8275 нафар соҳиби касб шуданд.

Ҳамзамон тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия (санҷиш) малакаи касбии 6626 нафар шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардид. Илова бар ин, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии системаи агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 5834 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 12, 2023 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд