НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 175 миллион доллар амал менамояд

Август 11, 2023 14:51

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2023 дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 175 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 78,5 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 17 миллион доллари ИМА аз худ шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар баробари ин мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 «Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23  дархости лоиҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва омода гардида, барои ворид намудани онҳо ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби мақомот 14 лоиҳаи дахлдор доир ба самтҳои афзалиятнок бо инобати ҷадвали тақсимоти лоиҳаҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, барои ҳарчи зудтар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт 31 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 23,4 миллион доллар сармояи мустақим ва 15 корхона ба маблағи умумии 130,5 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид