НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 175 миллион доллар амал менамояд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2023 дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 175 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 78,5 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 17 миллион доллари ИМА аз худ шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар баробари ин мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 «Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 дархости лоиҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва омода гардида, барои ворид намудани онҳо ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби мақомот 14 лоиҳаи дахлдор доир ба самтҳои афзалиятнок бо инобати ҷадвали тақсимоти лоиҳаҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, барои ҳарчи зудтар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол шуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт 31 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 23,4 миллион доллар сармояи мустақим ва 15 корхона ба маблағи умумии 130,5 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






