НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нақшаи андоз барзиёд иҷро гардидааст

Август 14, 2023 12:01

ШАМСИДДИНИ ШОҲИН, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10  август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Зафар Гулзода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли равон нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 131,8 фоиз таъмин ва  ба буҷет 12,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша беш аз 3 миллион сомонӣ зиёд аст.

Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 4 миллиону 875 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 104 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ, баробар ба 101 фоизи нақшаро ташкил дод.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи сипаришуда аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба буҷети ноҳия 378 ҳазору 300 сомонӣ андоз пардохт гардидааст.

Кормандони Нозироти андози ноҳия дар ин давра ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои қарзи андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.  Дар натиҷа қарзи андоз ба маблағи 57,9 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 23 миллиону 450 ҳазору 879 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 468 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардиданд, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд. Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ дар ин самт вуҷуд надорад.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2023 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик