НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 475 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ сабт шуда, аз шумораи умумии ин ҳолатҳо 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонидааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тазаккур дода шуд, ки бар асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони мамлакат ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 километр роҳи мошингард зарар дидаанд.
Иброз гардид, ки ба хонаводаҳои зарардида кумакҳо дар шакли маводи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ҷудо шуда, дар ноҳияҳо ба ниёзмандони тақсим шуданд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар байни аҳолӣ чорабиниҳои зерин гузаронида шуданд: 18 машқи маҷмуии мудофиаи шаҳрвандӣ, 62 машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 57 машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ, 53 омӯзиши ситодӣ ва 163 омӯзиши ғайринақшавӣ.
Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии мамлакат як силсила тамрину омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор гардиданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






