НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 515 мавзеи хатарноки аввалиндараҷа муайян гардид

Август 5, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон  ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шуд. Муайян гардид, ки 2209 минтақаи хавфнок (соли 2021- 1471)  сабт шудаанд, ки қисми зиёди онҳоро мавзеъҳои селу обхезӣ, ярч, сангрезаву тармафароӣ ташкил медиҳанд.   Аз  ин шумора дар ҷумҳурӣ 515 мавзеи хатарноки аввалиндараҷа, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 140 мавзеъ, Хатлон- 46, Суғд- 88, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 237 ва шаҳри Душанбе 4 мавзеъ муайян  шудааст, ки дар онҳо гузаронидани корҳои  пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ  зарур мебошад.

Ин нуктаро 4 август зимни нишасти матбуотӣ  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон  баён дошт.

Тазаккур дода шуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд сабабҳои кам шудани минтақаҳои хавфнок нисбат ба солҳои пешин ҳамасола  кӯчанидани хоҷагиҳои дар мавзеъҳои  хавфнок қарордошта  ҳамчун  муҳоҷирони экологӣ ба мавзеъҳои бехавф, гузаронидани корҳои  пешгирикунанда, соҳилмустаҳкамкунӣ  ва манъ намудани сохтмони  хонаҳои истиқоматӣ  дар мавзеъҳои  осебпазир мебошанд.

Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки  солҳои пеш дар шаҳри Душанбе 10 минтақаи хавфнок мавҷуд буд. Бинобар он сабаб, ки  мақомот чораҳои зарурӣ диданд, ин минтақаҳо кам гардиданд.
Дар айни замон 2 минтақа дар ноҳияи Шоҳмансур ва 1-тоӣ  дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахт мавҷуд мебошанд.

Дар ноҳияи Сино мавзеи «Лучоб» ва  дар ноҳияи Шоҳмансур  мавзеъҳое, ки дар  маҳаллаи «Ховарон»-и шаҳр ҷойгир ҳастанд. Дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чораҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд. Дар ин ҷойҳо асосан  хавфи омадани сел, ярч  ва обхезӣ дар назар дошта шудааст.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд