НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хоҷагиҳои ноҳияи Сангвор бо 62 тонна картошкаи навъи «Аладдин» ва «Тоҷикистон» таъмин шуданд

Август 8, 2023 08:44

САНГВОР, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли равон ба 82,2 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин 22,8 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 25,6 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 5,4 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 28,8  миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Дар ин хусус 5 август Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

Қисми даромади буҷети ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба ҷойи 7 миллиону 272 ҳазор сомонии пешбинишуда дар ҳаҷми 6 миллиону 416 ҳазору 678 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 88 дарсади нақша баробар мебошад. Сабаби иҷро нагардидани қисми даромади буҷети ноҳияи Сангвор  фаъолияти нокифояи корхонаҳои саноатии заршӯӣ ва сохтмонӣ дониста шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 65 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин соли 2023 барои сохтмони Нишони давлатӣ ва маҷлисгоҳ барои 400 нафар аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор пешбинӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Сангвор 70 фоизи аҳолии қобилияти меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд. Аз ин рӯ кишоварзони ноҳия дар заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 1108 гектар ғалладонагӣ, дар 1118 гектар картошка, дар 96 гектар сабзавот, дар 5 гектар полезӣ, дар 50 гектар зағир ва дар 52 гектар хӯроки чорво кишт намуданд.

Ҳамчунин  бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишоварзони ноҳияи Сангвор 62 тонна картошкаи навъи «Аладин» ва «Тоҷикистон» дастрас гардид, ки деҳқонон аз он ҳосили дилхоҳро интизор мебошанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар