НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» 64 деҳаи бебарқро дар вилояти Хатлон бо барқ таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шашмоҳаи аввали соли равон 9 млрд 118 млн кВт-соат энергияи барқ қабул намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 421 млн кВт-соат зиёд мебошад, — изҳор шуд 10 август дар нишасти матбуотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхона давоми шаш моҳи соли равон.
Ба хабарнигорони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»-ро дар вилояти Хатлон бо арзиши 6,5 млн доллари ИМА амалӣ намуда истодааст. Лоиҳаи мазкур бо барқ таъмин намудани 64 деҳаи бебарқро дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дар бар мегирад. Аллакай дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ба маблағи 2 млн 154 ҳазор доллари ИМА корҳо анҷом дода шудаанд.
Ҳамчунин лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» бо арзиши 95 млн доллари ИМА дар амал татбиқ шуда истодааст, ки бо анҷом ёфтани он инфрасохтори баҳисобгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент ҷорӣ хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи «Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ» дар шаҳри Душанбе барои таъмини барқ дар биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, арзиши умумии лоиҳа 61 млн 998 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. То давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба маблағи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






