НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тадбирҳои мақсадноки муштарак сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро коҳиш доданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бинобар андешидани тадбирҳои мақсаднок ва нақшаҳои мушаххаси корӣ аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори соҳавӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, бекоршавии ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавонон ва нашъамандию нашъаҷалобӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Тавре Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 457 хониши сиёсиро бо иштироки 48 ҳазору 323 нафар донишҷӯёну устодон доир намуд
Ҳамзамон бо ташаббуси Кумита дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шуруъ аз 1 июни соли равон бо мақсади фаро гирифтани дигар табақаҳои ҷавонон ва ҷалб намудани насли калонсол дар ташаккул ва тарбияи насли ҷавони мамлакат нақшаи алоҳидаи корӣ ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва маконҳои сераҳолӣ амалӣ гардид. То 30 июни соли равон дар маҷмуъ 380 хониши сиёсӣ бо фарогирии 256 ҳазору 89 нафар кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо доир шуд, ки ин иқдом то моҳи сентябр идома меёбад. Баргузории ин гуна чорабиниҳо ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуб мусоидат намуд.
Чунончӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ давоми шашмоҳаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо 1713 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта (2022-1944) 231 ҳолат ё 13,4% кам мебошад.
Ҳамзамон дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 258 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (2022 -431) 173 ҳолат ё 40,1 % кам мебошад.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳ низ дар ин давра мувофиқи маълумоти оморӣ 5370 ҳолат буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1895 ҳолат (2022 – 7265) кам аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






