НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон дар шаш моҳ ба 47 давлати ҷаҳон маҳсулот содирот намудааст
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Тоҷикистон бо 102 давлат, аз ҷумла бо 10 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бо 92 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, дар ин давра ба 47 давлати ҷаҳон маҳсулот содирот шудааст.
Дар ин хусус 8 август зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар ин давра тибқи маълумоти оморӣ, гардиши савдои хориҷӣ 3 млрд. 415 млн. долларро ташкил дода, дар маҷмуъ аз ҷумҳурӣ ба маблағи 678 миллиону 600 ҳазор доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






