Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни мумфаршкунии роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии «Роғун-Обигарм-Нуробод»

Август 9, 2023 07:51

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат — Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази шаҳри Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” шинос шуданд.

Сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ 9,8 километрро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа, дар роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” як пул бо дарозии 1593 метр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он аз рӯи лоиҳа 11 километрро ташкил медиҳад, барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад.

Соли 2021 корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат оғоз гардиданд.

Қабати асосии роҳ – гузоштани обравҳо ва селпертоҳо пурра омода гардида, айни ҳол бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳсозӣ корҳои мумфаршкунӣ аз ду тараф- ҳам аз қисмати марказии шаҳр ва ҳам аз қисмати даромад ба шаҳри Роғун идома доранд. То имрӯз баъд аз анҷоми пурраи корҳои заминӣ мумфаршкунии роҳ оғоз гардид.

Ҳоло дар ҳама қитъаҳои сохтмони роҳ 44 нафар коргарони маҳаллӣ машғули кор буда, кор аз ду самт тибқи нақша ва бо риояи технологияи муосири роҳсозӣ идома дорад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷдид ва навсозии роҳи мазкур дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод, марҳилаи якум амалӣ шуда, раванди корҳои иҷрогардида ҳамарӯза аз ҷониби кормандону мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо назорат ва пеш бурда мешавад.

Роҳ бо ду хати ҳаракати паҳноиаш 8 – 12-метра сохта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи муосири роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Ҳамзамон мувофиқи лоиҳа, навсозии як пули мавҷуда бо дарозии беш аз 50 метр, сохтмони 11 қубури обгузар, насби ҷӯйборҳои обпартои оҳану бетонӣ, заҳбурҳои обкашӣ ва дигар корҳои роҳсозӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Тибқи маълумоти мутахассисон, ба ҳолати 1 августи соли 2023 корҳои сохтмонӣ дар 9 қубури обгузар ва дар бештари қисматҳои роҳ корҳои хобондани ҷӯйборҳои оҳану бетонии ду тарафи роҳ ба анҷом расидаанд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои иҷрошуда дар лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод муаррифӣ гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушд ва беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт ба талаботи замон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин замина баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар — табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад ҳоло дар соҳа татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки яке аз онҳо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 7 июни соли 2021 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод оғоз гардида буданд.

Зимни муаррифии лоиҳа Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки корҳои сохтмониро дар роҳи мошингарди Роғун – Обигарм — Нуробод бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд, то ин масир ба мардум садсолаҳо хизмат намояд.

Акнун аз давраи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод беш аз 2 сол сипарӣ шуд.

Аз давраи оғози корҳои сохтмонӣ то инҷониб бо ҷалби коргарону мутахассисон корҳои зиёди сохтмонӣ ба анҷом расида, натиҷаҳо дар ин ҷода назаррас мебошанд.

Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм — Нуробод идомаи иқдоми давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад ва кор дар ин масир бо ҷалби мутахассисони касбӣ ва техникаву механизмҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд ҷараён дорад.

Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад.

Ба таъкиди муҳандисон, дар масири Роғун – Обигарм — Нуробод дар минтақаҳои баландкӯҳ роҳ то ҳадди зарурӣ паст ва паҳноияш васеъ  мешавад, ки ин тадбир ба хотири таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар тамоми фасли сол амалӣ мегардад.

Дар айни ҳол дар ду марҳила қариб 2000 нафар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд, ки 80 дар сади коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Бунёди қитъаи роҳи мошингарди “Роғун-Обигарм-Нуробод” мисли қитъаҳои дигар тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда, ба пайвастани қитъаҳои дигари шоҳроҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ, бамаротиб зиёд гардидани ҳамлу нақли мусофирон, молу маҳсулот ва рафтуомади боз ҳам беҳтару бехатари аҳолии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази мамлакат таъмин мегардад.

Мувофиқи лоиҳа, дар марҳилаи якуми роҳ бунёди 71 қубури обгузари қутрашон гуногун, 40 такядевори оҳану бетонӣ, 6 пул ва ду нақби мошингузар ва дар 92 нуқта деворпояҳои ҳимоявии сангӣ ба нақша гирифта, корҳо дар ин самт дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Айни ҳол дар ду баст ва 60 нуқта бо ҷалби 800 нафар коргарону мутахассисон ва 170 техникаи роҳсозӣ корҳои тахту ҳамворкунӣ, арматурбандӣ дар такядеворҳои оҳану бетонӣ, корҳои конструктивӣ ва кандани ҷинсҳои кӯҳӣ дар нақби Қандак ва Қарағоч идома доранд.

Корҳои нақбнакӣ дар нақби мошингарди Қандак, ки 1610 метрро ташкил медиҳад, пурра ба анҷом расида, дар нақби мошингузари Қарағоч корҳои конструктивӣ ва арматурбандӣ идома доранд.

Аз 6 пули мошингузаре, ки дар марҳилаи якум ба нақша гирифта шудааст, 5-тои он навсозӣ ва 1-тои дигараш таъмир мегардад ва ҳоло дар иншооти мазкур корҳо аз рӯи нақша идома доранд. Дар маҷмуъ то ин давра сохтмони 47 қубури обгузар ва12 такядевори оҳану бетонӣ ба итмом расида, дар 25 нуқта корҳои бозсозии такядеворҳои ҳимоявии сангӣ идома доранд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад ва раванди корҳои иҷрошуда пайваста таҳти назорати мутахассисон қарор дорад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар мегирад.

Дар айни замон дар ин масир сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ бо маром идома дорад.

Бо талошу заҳмати роҳсозон корҳои ҳаффорӣ дар нақби мошингузари “Тагикамар” 1505 метр иҷро шудаанд. Дар асоси лоиҳа насбу ҷобаҷогузории қубурҳои обгузари оҳану бетонии қабати асосии роҳ низ идома дорад.

Дар татбиқи ин марҳила қариб 1000 нафар мутахассисону сохтмончиён заҳмат мекашанд, ки аксарият сокинони маҳалӣ мебошанд.

Таҷдид ва навсозии ин роҳ шароите фароҳам овард, ки шаҳрвандони маҳалӣ дар баробари соҳиби ҷойи кори мувофиқ ва маоши баланд гардидан инчунин дар обод намудани ватани хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он аз 12 то 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд.

Қисмати мумфаршсозии роҳи мошингард аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ танҳо дар масири шоҳроҳи “Роғун-Обигарм-Нуробод” дар масофаи 100 километр бо маблағи наздики 400 миллион доллари америкоӣ роҳҳо ва купрукҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бунёд карда истодааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 2500 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни мумфаршкунии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи “Роғун-Обигарм-Нуробод” 09.08.2023

Август 9, 2023 07:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад