ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумъаеви шаҳри Турсунзода нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар дар деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки Раиси шаҳр нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд,. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни ободониву бунёдкорӣ дар деҳоти мазкур Раиси шаҳри Турсунзода ба мардуми деҳот барои меҳнати содиқонаву софдилона изҳори сипос намуд.
Муроҷиати шаҳрвандони деҳот, ки бештар аз мусоидат ба ободиву созандагии маҳал, таъмири трансформатор, роҳҳои байнидеҳавӣ ва дигар шароит ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон иборат буд, аз ҷониби раиси шаҳр ҷонибдорӣ ёфта, барои ҳалли онҳо ваъдаи мусоидат дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода













БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






