Ғолиби чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон муайян гардид

Август 21, 2023 17:54

ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Англия дар муборизаи устувор натавонист дастаи мунтахаби Испанияро дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мағлуб созад. Испаниҳо бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 29-ум Олга Карман аз партофти Калденти Оливер ба нишон расонид.

Бозиро дар Сиднейи Австралия 75 ҳазор нафар тамошобинон мушоҳида намуданд.

Ҳар ду даста- Англия ва Испания бори аввал дар таърихи чемпионати ҷаҳонии занон, ки аз соли 1991 баргузор мешавад, барои медалҳои тилло мубориза бурданд.

Испания дар ду соли охир дар футболи занона муваффақияти беназир ба даст овардааст. Испанизанон – чемпионҳои ҷаҳон дар байни духтарони то 17-сола, чемпионҳои ҷаҳон дар байни духтарони то 20-сола ва чемпионҳои ҷаҳон дар байни занони калонсол мебошанд.

Ба дастаҳои мунтахаби Англия ва Испания барои як даста 4 миллион доллар, ба дастаҳои аз даври интихобӣ гузашта 2,6 миллион доллар ва ба  дастаҳое, ки ҳатто аз гурӯҳ берун нарафтаанд, 750 ҳазор доллар супорида мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 21, 2023 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад