ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» бозӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор мешавад. Бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ соати 16:00 оғоз мешавад.
Агар бозӣ дар вақти асосӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии иборат аз 15-дақиқагӣ таъйин мешавад.
Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолибро аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум менамоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






