ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ЭҲЁГАРИ «РОҒУН». Ин неругоҳ ҳамчун манбаи нур давлати моро ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 27.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик иншооти муҳими аср -Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун манбаи нур Тоҷикистонро ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод, зеро «Роғун»- ин нур, ободӣ ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик аст.
Тавре Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд, «неругоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода намуда истодааст. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд».
— Дар Тоҷикистон рушди соҳаи энергетика ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад. Баъд аз инихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ 18 ноябри соли 2006 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро дар қатори вазифаҳои аввалин ва ҳадафи муҳими стратегӣ дар ҳафт соли наздик маънидод сохта, аз ҷумла, чунин изҳор намуда буданд: «Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи мамлакат бунёд мегардад…».
Оре, Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои бойи энергетикӣ ба ҳисоб рафта, имконияти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад.
Мамлакати мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, ба марҳилаи нав ворид гардид, воқеан ҳам мо бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди зиёда аз ҳазор сол тавонистем соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати худро дарёбем.
Бояд иброз намуд, ки дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафи иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти мардум талабот ба барқ сол то сол зиёд мегардад. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд, ки ин ҳама эҳтиёҷ ба истеҳсоли неруи барқи иловагиро афзоиш медиҳад.
Хушбахтона, дар тӯли соҳибистиқлолӣ мардуми ҷумҳурӣ ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, шаҳру деҳоти зебову замонавӣ, неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, нақбу роҳҳои пайвандгар, биноҳои баландошёнаи муосир, таъсиси корхонаҳои гуногунсоҳа, ба истифода додани садҳо мактабу беморхона, донишкадаҳои олӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, маконҳои истироҳатӣ ва ғайра аз ин ҷумлаанд, ки ҳама маҳсули заҳмату меҳнати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ин диёри биҳиштосо мебошанд.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб мебошад.
Ҳоло дар ҷумҳурии мо 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯи нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд».
Захираҳои обии Тоҷикистон таъминкунандаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ буда, муаррифи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.
Аз нигоҳи илми иқтисодиёт агар ба ин соҳа баҳо диҳем, неруи барқро нони саноат меноманд, ки ин бесабаб нест, зеро он давлатҳое, ки ба рушди энергетика диққати асосӣ додаанд, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан соҳаи саноат ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Тавре дар ифтитоҳи оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 Сарвари давлат иброз доштанд, ««Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат намуда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид».
Воқеан ҳам соҳаи энергетикаи обии ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ин асос ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таҳияи заминаи ҳуқуқиву институтсионалӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва мамлакатҳои ҳамсоя беш аз пеш густариш меёбад.
Бояд гуфт, ки бунёди сарбанди НБО «Роғун» 29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд. Худи ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, якуним соат бо пеш андохтани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Имрӯз шаҳрвандони хушиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро мебояд барои чунин дастовардҳои беназир ва истиқлолу ваҳдату ягонагӣ ҳазорон шукру сипос гуфта, ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимонаву содиқона хизмат намоянд.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»