Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иншооти бузурги энергетикии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва имконоти неругоҳ шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.
Дар ҷараёни сафар дар байни иштирокчиён дар мавриди иқтидори истеҳсолии неругоҳ, нақши он дар таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти стратегии он табодули афкор доир шуд.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо хонум Ҷузеппина Принчи изҳор намуд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, дар рушди иқтисодии мамлакат ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ метавонад саҳми назаррас гузорад.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд






