Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд

Сентябрь 25, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар доираи тадбирҳои  «400 рӯзи ташаббускорӣ — иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҷалби васеи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҳизб дар пойтахт, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо ҷараёни корҳо дар ин иншооти азими гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни шиносоӣ муовини директори истеҳсолӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қурбонназар Давронов ҳайати иштирокчиёнро бо минтақаҳои сохтмон- шуруъ аз сарбанди «Кохи нур», ки дар таърихи бунёди неругоҳ мақоми хосса дорад, шинос намуд.

Дар идома ҳайати гурӯҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо, инчунин дигар мавзеъҳои он шинос шуданд.

Пас аз шиносоӣ бо мавзеъҳои асосии неругоҳ бо иштироки доираи васеи кормандону сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода ва Раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён саҳми арзандаи ҳар сохтмончии неругоҳи «Роғун»-ро, ки имрӯзҳо бо масъулияти баланд заҳмат мекашанд, ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки бо бунёди ин неругоҳи бузург рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ҷойи нави кор муҳайё мешаванд ва дар оянда шаҳри Роғун, хусусан обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи сайру саёҳати шаҳрвандону сайёҳон мубаддал мегардад.

Ҳамзамон корвони аъзои ҳизби пойтахт дар доираи сафар ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дидани таълимгирандагони хобгоҳи Мактаб-интернати шаҳри Роғун ба номи Саида Давлатзода рафтанд.

Зимни дидор аъзои ҳизби пойтахт бо шароити зисти таълимгирандагон дар хобгоҳ шинос гардида, ба онҳо дар таҳсилашон муваффақият орзу намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!