Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.
Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.
Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






