Раиси вилояти Хатлон бо шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 август Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба сарбозони қисми низомии мазкур зиёда аз 9 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва мева дастрас намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.
Раиси вилоят бо сарбозон ҳамсуҳбат шуда, аз шароити имрӯзаи хизматашон пурсон шуд. Маълум гардид, ки шароити қисми низомӣ қаноатбахш буда, ҳамасола садҳо нафар ҷавонон дар ин даргоҳ адои хизмати Ватан-Модар намуда, бо сари баланд ба назди оилаи хеш бармегарданд.
Раиси вилоят зимни вохӯрӣ сарбозони қаторӣ ва афсарони баландрутбаро даъват намуд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият ва ҳифзи амнияти Тоҷикистон тавассути хизмати содиқона равона намоянд.
Ҳамзамон ба падару модароне, ки ин гуна фарзандони бонангу номусро баҳри хизмати содиқонаю сарбаландона ба Ватан-Модар ба воя расонидаанд, изҳори миннатдорӣ намуда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






