Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо фаъолияти Корхонаи сангу шағалбарории ширкати «Вибилд» шинос шуданд

Август 9, 2023 11:56

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз 3 хати истеҳсолӣ иборат буда, дар як соат ба миқдори 3000 тонна масолеҳи андозаашон 0-300, 150-40 ва 0-40 миллиметр истеҳсол менамояд.

Барои истеҳсоли сангу шағал аз анборҳои захиравӣ тариқи мошинҳои гаронвазн маводи алювиалии андозаашон 0-700 милиметр, ки аз кони рақами 15 кашонида, захира гардидааст, ба корхонаи истеҳсоли сангу шағал оварда мешавад.

Маводи кашонида дар марҳилаи аввал аз қитъаҳои дастгоҳи сангмайдакунӣ ва хатҳои наворӣ мегузарад.

Дар қисми дуюми хати истеҳсолӣ масолеҳи коркардшуда аз дастгоҳҳои сангмайдакунандаи конусӣ гузашта, дар элакҳои истеҳсолӣ ба андозаҳои 20-40, 5-20 ва 0-5 миллиметр ҷудо мешавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи мазкур шуруъ аз моҳи марти соли 2023 истеҳсоли маводи полоишии андозаашон 0-10, 0-40 ва 5-40 миллиметр ба роҳ монда шудааст, ки дар қисмҳои поёнӣ ва болоии ядрои сарбанди асосии неругоҳ истифода мегарданд.

Ба андешаи мутахассисон, мувофиқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бояд лойнокии шағал аз 1 ва рег аз 3 фоиз зиёд набошад.

Маводи захирашуда ба воситаи тасмаи сарбастаи ҳаракаткунандаи резинӣ аз нақби зеризаминӣ ба хати истеҳсолии 3-юм интиқол дода, ҷиҳати таъмини талаботи стандартӣ бори дигар шуста мешавад.

Корҳои сохтмони қитъаи истеҳсоли регу шағал соли 2018 аз тарафи ширкати хориҷии “Вибилд” ба роҳ монда, соли 2021 истеҳсоли маводи сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Барои истеҳсоли омехтаи бетон қитъаи истеҳсоли регу сангрезаи рақами 10 хизмат мерасонад, ки дар навбати худ масолеҳи сохтмонии регу сангрезаи андозаашон гуногун истеҳсол менамояд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” коргарон аз тамоми имконияти мавҷуда ва техникаву механизми муосири соҳавӣ самаранок истифода мекунанд ва ҷиҳати таъмини саривақтии масолеҳи сохтмонӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Боздид аз Корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” 09.08.2023

Август 9, 2023 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар Пекин иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд