Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Август 31, 2023 18:30

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи равон нашрияҳои чопии мамлакат оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ хабару мақолаҳо ва гузоришҳои ҷолибро пешниҳоди хонандагон намуданд.

Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии Пешвои миллат дар бораи Эҳёи миллат

Шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» аз 24 августи соли 2023 мақолаи илмии профессор С. Ятимовро бо сарлавҳаи «Эҳёи миллат — бақои давлат» бознашр намудааст. Мақолаи мазкур мавзуъҳои давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ,  манфиат ва дарки воқеии он, субот ва эътимоднокии он, руҳоният ва даврони эҳё, эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ, намунаи таърихи эҳёи миллиро инъикос намудааст. Муаллиф аз ҷумла навиштааст: «Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки даврони Эҳёи  миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок намуд. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ  тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд». Муаллиф ҳамчунин изҳори нигаронӣ намудааст: «Аммо боиси афсӯс аст, ки дар ҳоли ҳозир  тамоюл ба таассубу хурофот ва дар ин асос зиёдаравӣ, гаравидан ба ҷараёнҳои динии ифротӣ, беэътиноӣ ба раванди ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат даҳсолаҳо қафо мондааст. Ин ҷараён хилофи ояндаи босуботи давлатдории миллӣ мебошад». Хулосаи рисолаи мазкур зиёиён ва рушанфикронро барои фаъол будан дар раванди бунёди давлати навини миллии тоҷикон даъват намудааст: «Дар рисола бобати дар давлатҳои пешқадам мавҷуд будани   системаи ягонаи ҳифзи субот ва сохти конститутсионӣ дар мавридҳои буҳронӣ, ки замонати комили амнияти ҷомеаро медиҳад, ишора рафт. Тамоми системаҳо дар болои коғаз хоҳанд монд, агар хештаншиносӣ, худшиносӣ,  ҳувияти миллӣ бар маънавиёти бегонапарастӣ ғолибият пайдо накунад. Агар манзалати Илму Маърифат, Ақлсолориву Хирадгароӣ бар таассубу хурофот ва ҷаҳонбинии асримиёнагӣ, ки тавлидгари ифротгароиву терроризм  аст,   чира нагардад. Дар роҳи ҳалли чунин муаммо «ҳар   халқ метавонад ва бояд аз мардумони дигар омӯзад» (Г. Плеханов). Агар зиёиёни Даврони Эҳёи Аврупо  барои аз торикӣ, таассуби асримиёнагӣ, ҷаҳолат, фақирӣ, озод намудани миллатҳои худ бо руҳониёни ватандӯст ва бонангу номус ба тавофуқ расида, ҷонбозиҳо карда, ба мақсад расида бошанд, вақти он аст, ки эҳёи миллати тоҷик ҳам аз ҷониби зиёиён ва андешамандони пешқадам, ки бо ҷаҳонбинии мардум сару кор доранд,  ба ҷабҳаи умумимиллӣ мубаддал гардад».

Шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият» аз 28 августи соли 2023 оид ба сафари кории  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, мулоқоту суҳбатҳои Сарвари давлат бо роҳбарияти олии Қазоқистон хабару гузоришҳои муфассали расмӣ чоп намудааст. Дар шумораи навбатии нашрия аз 29 август мақолаи академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сарлавҳаи «Кӯри худу бинои мардум. Нигоҳе ба китоби хотироти Абдухалил Холиқзода «Ҳаводиси рӯзгори ман» чоп шудааст. Муаллиф баъд аз нақди китоби мазкур изҳор доштааст, ки «дар оянда хуб мешавад, ки чунин китобҳои оммавӣ аввал дар ягон муассисаи илмӣ ва адабӣ ё раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг баррасӣ шаванд ва баъд ба чоп тавсия гарданд. Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем пеши роҳи назарбаландони сиёсатхоҳро гирем ва фазои иттилоотиро қавитар гардонем».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи 106 аз 28 август хабари расмиро дар бораи баргузор шудани ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудааст. Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шуро масъалаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъд аз шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои дахлдори палатаи поёнии Парлумони мамлакат барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд.  Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрияи парлумонӣ мақолаи «Эҳёи миллат — бақои давлат» пешниҳоди хонандагон шудааст.

Нашрияи «Народная газета» мақолаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзодаро бо сарлавҳаи «Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар рафъи мушкилоти Баҳри Арал» чоп намудааст. Муаллиф навиштааст: «Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, инчунин Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубрамияти масоили баррасишаванда буда, ҳамчунин фарогири ҳалли проблемаи ҳавзаи баҳри Арал мебошанд… Қобили тазаккур аст, ки ҷаласаи 5-уми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Маҳз дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал якчанд қарорҳои муҳим қабул шуданд. Аз ҷумла, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси нозир пазируфта шуд, ки ин аз мақоми баланди ташкилоти мазкур гувоҳӣ медиҳад».

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ ҳамчунин дар бораи ҷамъбаст шудани машғулияти омӯзишии кормандони ҳизбӣ, таъсиси ташкилоти ибтидоии «Созанда» дар шаҳри Кӯлоб, баргузор шудани маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабарҳо чоп намудааст. Ҳамчунин дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаҳои таҳлилӣ ва муаллифии «Суханвари мумтоз», «Манбаи нури зиндагӣ», «Истиқлоли давлатӣ- таҷассумгари арзишҳои волои миллӣ», «Занон ва истиқлолият» пешкаши хонандагон шудаанд.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» бахшида ба оғози соли нави хониш бо шумораи ранга, сифати баланд, муҳтавои ҷолиб ва табрики аҳли маориф дар болохати саҳифаи аввал: «Соли нави таҳсил муборак!» пешкаши хонандагон шудааст. Дар ҳошияи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ нашрия иқтибосҳоро аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи аввал чоп намудааст. Хонандагони нашрияро ҳамчунин мақолаҳои «Сифати китобҳои дарсӣ беҳтар мегардад», «Бемасъулиятии масъулин», «Вазъи ногувори таълимгоҳ» интизор ҳастанд.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаҳои «Пайравони Пешвои миллат аз НБО «Роғун» боздид карданд», «Нақши сохтмони НБО «Роғун» дар тарбияи ҷавонон», «Волидони бемасъулият кам шудаанд», «Довталаб – 2023. Чаро шумораи онҳо кам гардид» мақолаву хабарҳо нашр намудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Август 31, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад