Шумораи ҳалокшудагони мавҷи дуюми сӯхтор дар Юнон ба 26 нафар расид

Август 23, 2023 17:53

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагон рӯзи сешанбе ҷасади 28 нафарро, ки дар натиҷаи сӯхтори табиӣ дар шимоли Юнон ҳалок шудаанд, пайдо намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус EFE хабар додаст.

Мувофиқи иттилои Агентӣ, дар тӯли се рӯз сӯхтор дар Юнон беш аз 43 ҳазор гектар заминро фаро гирифт.

Мақомоти шаҳри Ано-Лосия, воқеъ дар шимоли Афина, ба кӯчонидани сокинон амр доданд. Дар шаҳри ҳамсояи Фили алангаи оташ  аллакай якчанд биноро фаро гирифтааст. Амрҳо дар бораи тахлия инчунин ба баъзе нуқтаҳои аҳолинишин дар Аттика, Мақдунияи Шарқӣ ва Фракия дахл доранд.

Назорати сӯхтор дар назди шаҳри Аспропиргос дар  километри 15-уми маркази Афина ғайриимкон аст. Беш аз 120 оташнишон кӯшиш доранд, ки пеши сӯхторро гиранд. Дар ҷойи ҳодиса инчунин 9 ҳавопаймои сӯхторнишонӣ фаъолият доранд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 23, 2023 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад