Шумораи бар асари номусоидии обу ҳаво ҳалокшудагон дар шимоли Чин ба 29 нафар расид

Август 12, 2023 15:07

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боронҳои шадид дар вилояти Ҳэбэйи шимоли Чин 29 нафар ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Телевизиони марказии Чин хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, 16 нафар бедарак шудаанд. Наҷотдиҳандагон амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии бедаракшудагонро идома медиҳанд.

Қаблан дар бораи 9 нафар ҳалокшудагон в 6 нафар бедаракшудагон дар вилоят иттилоъ расида буд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июл ва  аввали моҳи август дар шаҳри Пекин ва вилояти Ҳэбэй дар натиҷаи тӯфони  «Доксури» боронҳои шадид ба амал омаданд. Садҳо ҳазор сокинонро ба ҷойҳои амн кӯчониданд ва зиёда аз 20 нафар ҳалок шуданд. Иқтисодиёти пойтахт ва вилояти Ҳэбэй, ки аҳолии онҳо дар маҷмуъ тақрибан 100 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба маблағи якчанд миллиард доллар зарар дид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 12, 2023 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад