Шумораи бар асари номусоидии обу ҳаво ҳалокшудагон дар шимоли Чин ба 29 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боронҳои шадид дар вилояти Ҳэбэйи шимоли Чин 29 нафар ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Телевизиони марказии Чин хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 16 нафар бедарак шудаанд. Наҷотдиҳандагон амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии бедаракшудагонро идома медиҳанд.
Қаблан дар бораи 9 нафар ҳалокшудагон в 6 нафар бедаракшудагон дар вилоят иттилоъ расида буд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июл ва аввали моҳи август дар шаҳри Пекин ва вилояти Ҳэбэй дар натиҷаи тӯфони «Доксури» боронҳои шадид ба амал омаданд. Садҳо ҳазор сокинонро ба ҷойҳои амн кӯчониданд ва зиёда аз 20 нафар ҳалок шуданд. Иқтисодиёти пойтахт ва вилояти Ҳэбэй, ки аҳолии онҳо дар маҷмуъ тақрибан 100 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба маблағи якчанд миллиард доллар зарар дид.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






