Шумораи гирифторӣ ба табларзаи Денге дар Бангладеш ба 57 127 ҳолат расид

Август 4, 2023 17:51

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи чоршанбе дар Бангладеш  2 711 ҳолати нави табларзаи Денге ва 12 фавт сабт шуд. Аз аввали сол то инҷониб теъдоди мубталоён ба 57127 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 273 нафар расидааст. Дар ин маврид Сарраёсати тандурустии мамлакат хабар дод. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Тавре дар идора изҳор шуд, шумораи умумии  беморони шифоёфта дар Бангладеш 47 529 нафарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, моҳи гузашта дар мамлакат пурқувваттарин афзоиши гирифторӣ ба табларзаи Денге:  43 854 сироят ва 204 фавт ба мушоҳида расид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 4, 2023 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид