Соли 2023 ба 10 ихтисоси муҳими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сертификати байналмилалӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 10 ихтисоси муҳиму зарурӣ барои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Баъди гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ҳар ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлати гуногун сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин дар шашмоҳаи сипаригашта Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузашта, соҳиби иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ гардид. Саҳми ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаштани аттестатсияи мазкур назаррас мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами№4 оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Дар Хатлон доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизо вохӯрӣ баргузор гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад






