Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хатари баланди паҳншавии вабо дар ҷаҳон ҳушдор медиҳад

Август 5, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хатари хеле баланди паҳншавии ваборо дар ҷаҳон эълом менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар додааст.

Чунонки дар бюллетени иттилоотии ин созмон ишора гардидааст, аз аввали сол то ҳол дар 25 давлати ҷаҳон хуруҷи бемории вабо сабт  шудааст. «Бо дарназардошти афзоиши якбора авҷгирии  беморӣ ва тақсимоти ҷуғрофии он, инчунин набудани ваксинаҳо ва дигар захираҳо СУТ хатарро дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле баланд арзёбӣ менамояд», ишора намуданд дар созмон.

Аз аввали сол инҷониб дар 14 кишвари Африқо бемории вабо сабт шуда буд, аз ҷумла хуруҷи бемории вабо дар Конго, Камерун, Африқои Ҷанубӣ, Малави, Мозамбик, Сомалӣ ва Эфиопия ба назар расид.

Вабо яке аз бемориҳои махсусан хатарноки сироятӣ мебошад, ки аз  бактерияҳо (вибрионҳо) — и вабо ба вуҷуд меояд. Беморӣ ҳангоми ба организм ворид шудани барангезанда бо ғизои заҳролуд ё оби олуда ба вуҷуд меояд.

Азиза ИКРОМ,
АИМТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад